Бинокорони иншооти Роғун дар соҳилҳои дарёи Вахш ба наздикӣ эълон мешаванд

Date:

Сохтмони иншооти зеризаминии нерӯгоҳи Роғун дар соҳилҳои чап ва рости дарёи Вахш пас аз интихоби паймонкор оғоз мегардад.

“Лоиҳакаши ин иншоот аллакай маълум буда, паймонкорон баъдтар интихоб мешаванд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “НБО Роғун”.

Бино ба иттилои манбаъ, баргузории корҳои зеризаминӣ дар соҳилҳои дарё,  аз ҷумла иборат аз бунёди нақбҳои таъиноти гуногун дар доираи марҳилаҳои 3 ва 4-уми сохтмони нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст.

Ғолибони лотҳои сеюм ва чорум тавассути баргузории тендери байнулмилалӣ оид ба сохтмони иншооти нерӯгоҳи Роғун интихоб карда мешаванд. Дар бораи арзиши ин корҳо алҳол маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2016 “Дар бораи лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО Роғун” аз рӯи ду лот тендери байнулмилалии гузаронида шуд.

Дар лоти якум хариди таҷҳизот пешбинӣ гардида, ба ин корҳо бо ҷалби паймонкорони фаръии ватанӣ ва хориҷӣ худи фармоишгар (ҶСК “НБО Роғун”) машғул аст.

Ғолиби лоти дуюм ширкати итолиёвии Salini Impregilo дониста шуд, ки то имрӯз бунёди сарбанди нерӯгоҳро то баландии қариб 80 метр расонидааст. Дар маҷмӯъ баландии сарбанд 335 метрро ташкил хоҳад дод.

Маблағи умумии иҷрои корҳо дар ҳамаи чор лот 3,9 млрд. доллар арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, маблағи лоти дуюм, ки дар он сохтмони сарбанд пешбинӣ шудааст, ба 1 млрд. 950 млн. доллар баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...