Ҳукумати Русия шумори квотаҳоро ба иҷозаи зисти муваққатӣ кам кард

Date:

Ҳукумати Русия квотаҳои нав ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро барои Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) муқаррар намуд. Супориши дахлдорро дар ин хусус нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба имзо расонид.

Мувофиқи ин санад, соли 2019 83 480 нафар Иҷозаи зисти муваққатӣ гирифта метавонанд. Ин миқдор нисбат ба соли 2018 (90 360 квота) 6880 адад камтар мебошад.

Додани чунин иҷоза аз ҳама бештар дар Ҳавзаи федералии марказӣ – 24 150 адад, аз ҷумла дар вилоятҳои Маскав – 4 ҳазор, Белгород – 2,5 ҳазор, шаҳри Маскав – 2 ҳазор (дар вилоятҳои Липетск ва Тула низ ҳамин миқдор аст) ба нақша гирифта шудааст.

Дар Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб шумори чунин квотаҳо – 6480, Ҷанубӣ – 11 200, Приволжск – 14 200, Урал – 4800, Сибир – 9620 ва Шарқи Дур – 6130 ададро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, коҳиши шумори квотаҳо нисбат ба соли 2018 ба идомаи амалисозии Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия вобаста аст, ки аз иштирокчиёни он гирифтани квота талаб намешавад.

Ҳамин тариқ, тӯли 8 моҳи соли 2018 дар бораи ба 42 343 иштирокчиёни ин барнома ва аъзои оилаи онҳо додани иҷозаи зисти муваққатӣ бидуни квота қарор қабул шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 шумори квотаҳои иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) 110 880 ададро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2016 – 15 ҳазор адад камтар буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...