Пойгаи мотосиклронон дар теппаҳои Меҳробод

Дар мотодроми Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ Чемпионати Тоҷикистон оид ба мотокросс (пойгаи мотосиклронӣ) доир гардид. Ин мусобиқаи ҷумҳуривӣ бо ибтикори Ташкилоти мусоидат ба мудофиаи ҷумҳурӣ дар теппаҳои наздикии деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд. Дар мусобиқа мотосиклронон аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Леваканд, Турсунзода, ноҳияҳои Ёвон, Ҷомӣ ва Восеъ дар дучархаҳои дараҷаи 125, 250, 350 ва 500 […]

Парвиз Турсунов, Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Дар мотодроми Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ Чемпионати Тоҷикистон оид ба мотокросс (пойгаи мотосиклронӣ) доир гардид.

Ин мусобиқаи ҷумҳуривӣ бо ибтикори Ташкилоти мусоидат ба мудофиаи ҷумҳурӣ дар теппаҳои наздикии деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.

Дар мусобиқа мотосиклронон аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Леваканд, Турсунзода, ноҳияҳои Ёвон, Ҷомӣ ва Восеъ дар дучархаҳои дараҷаи 125, 250, 350 ва 500 сантиметри мукааб ширкат варзида, дар дараҷаи 250 сантиметри мукааб намояндаи Душанбе Эраҷ Боев ғолибият ба даст овард.

Дар дараҷаҳои дигар инҳо ғолиб омаданд: Зариф Сайфов (125 см. мукааб Душанбе), Файзиддин Олимов (Чезет, Душанбе), Тоир Худойбердиев (500 см. Мук., Леваканд).

Дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи аввалро намояндагони шаҳри Душанбе, мақоми дуюмро варзишгарони шаҳри Турсунзода ва ҷойи сеюмро мотосиклронони шаҳри Леваканд касб карданд.

Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо диплому ҷомҳои созмондиҳандагони мусобиқа, ҳамчунин ҷоизаҳои сарпрасти мусобиқа – ҶДММ “Антарес” – намояндаи ширкати «Liqui Moly» дар Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.