Эмомалӣ Раҳмон: Дар соҳаи молия ва бонкдорӣ бештар занҳоро ба кор гиред!

Date:

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонаи худ ба Парлумони кишвар аз масъулини давлатӣ талаб намуд, ки дар соҳаи молия ва бонкдорӣ бештар занҳоро ба кор қабул намоянд. Зеро кор дар ин соҳа ба занҳо мувофиқтар аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини давлатӣ дар соҳаи молия ва бонкдории кишвар талаб намуд, ки бо ҳисоботҳои хушку холӣ назарфиребӣ накунанд ва супоришҳоро воқеан иҷро намоянд.

Тибқи маълумоти оморие, ки Сарвари давлат зикр намуд, шумораи заноне, ки дар соҳаи маориф ва тандурустӣ фаъолият менамоянд сол аз сол зиёд шуда, имрӯз наздики 70 дарсадро ташкил менамояд.

Соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил додаанд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон занони кишварро ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ даъват карда, таъкид намуд, ки ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...