Ӯзбекистон чӣ гуна кишварҳои ИДМ-ро бо картошкаи фри таъмин карданист?

Дар шаҳри Тошканд чанде қабл аввалин дар минтақаи Осиёи Марказӣ корхонаи коркарди картошкаи «Solanuz» ба истифода дода шуд. Маҳсулоти хушсифати корхона ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон низ содирот хоҳад шуд. Корхона дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ба истеҳсоли 2 тонна картошкаи омодашудаи фри ва 550 кило таркиби ин маҳсулот барои таҳияи пюре дар як […]

Дана Опарина, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Тошканд чанде қабл аввалин дар минтақаи Осиёи Марказӣ корхонаи коркарди картошкаи «Solanuz» ба истифода дода шуд. Маҳсулоти хушсифати корхона ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон низ содирот хоҳад шуд.

Корхона дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ба истеҳсоли 2 тонна картошкаи омодашудаи фри ва 550 кило таркиби ин маҳсулот барои таҳияи пюре дар як соат қодир аст. Ба гуфтаи мутахассисони корхона, технология коркарди маҳсулот аз Голландия оварда шудааст.

“Таҳқиқоти мо нишон дод, ки танҳо дар як шаҳри Тошканд ҳар моҳ наздики 500 тонна картошкаи фри истеъмол мешавад. Ин маънои онро дорад, ки мо натанҳо талаботи Ӯзбекистон, балки дигар кишварҳоро низ ба ин маҳсулот қонеъ карда метавонем. Ба мо аллакай аз Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон ва Гурҷистон пешниҳодҳо расиданд”, – таъкид мекунад Тоҳир Абдуқодирӣ, намояндаи ширкати «Agrover».

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.