Истиқболи САҲА аз барқарории дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳо дар Ӯзбекистон

Date:

Арлем Дезир, намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии расонаҳо аз бардоштани маҳдудияти дастрасӣ ба бархе сомонаҳои иттилоотӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Ӯзбекистон истиқбол кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои "Садои Амрико" Хадамоти ӯзбекиии ВВС, "Мавҷи Олмон", Eurasianet, сомонаҳои созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International, "Хабарнигорони бидуни марз" ва Human Rights Watch дар Ӯзбекистон ахиран бардошта шуд.

Дерзир гуфтааст, ки ин масъаларо бо мақомоти Ӯзбекистон баррасӣ кардааст. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар фурсатҳои наздик дастрасӣ ба сомонаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ низ фароҳам мешавад.

Гуфта мешавад, пештар аз ин Комил Алламҷонов, мудири оҷонсии иттилоот ва иртиботи оммавии назди президенти Ӯзбекистон дар бораи бардоштани маҳдудият хабар дода, изҳор дошта буд, ки "далелҳои мушкилоти дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳои хориҷӣ" омӯхта шуда, "камбудиҳои техникӣ пайдо ва бартараф шуданд".

Ба иттилои расонаҳо, сомонаҳое, ки ахиран дастрасӣ ба онҳо фароҳам шуд, дар Ӯзбекистон аз соли 2005 ба ин тараф – баъди ҳаводиси Андиҷон – масдуд буданд. Дар бархӯрди мақомоти қудратӣ бо сокинон дар соли 2005 дар Андиҷон, ба иттилои расмӣ, 187 одам кушта шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, шумори воқеии кушташудаҳо ба маротиб бештар аст. Аммо дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон даҳҳо сомонаи дигар масдуд боқӣ мондааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...