Баста шудани роҳҳои кӯчаҳои марказии Душанбе ба хотири ташрифи меҳмонони воломақом

Дар рӯзҳои баргузории Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки санаи 14-15 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт маҳдуд мешавад. Ин дафъа мақомоти шаҳрдории Душанбе равуои автобусу троллейбусҳоро дар ин давра манъ намекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ […]

Аваз Юлдошев

Дар рӯзҳои баргузории Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки санаи 14-15 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт маҳдуд мешавад.

Ин дафъа мақомоти шаҳрдории Душанбе равуои автобусу троллейбусҳоро дар ин давра манъ намекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар рӯзҳои баргузории нишаст (саммит) автобусу троллейбусҳо бемамониат тариқи хатсайрҳои худ ҳаракат хоҳанд кард.

Давоми ду рӯзи зикршуда ҳаракати нақлиёт асосан дар хиёбонҳои Рӯдакӣ, Айнӣ ва Исмоили Сомонӣ, ҳамчунин кӯчаҳои А.Дониш ва Н. Ганҷавӣ маҳдуд мешавад.

Дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки ҳайатҳои баландпоя аз кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тайиланд, Туркия ва  Ӯзбекистон дар назар аст.

Омодагии пойтахти Тоҷикистон ба ин нишаст зери назорати шахсии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатие мебошад, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта, дафтари марказиаш дар шаҳри Нур-Султон воқеъ аст.

Ин созмон 27 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Ӯзбекистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам ва ғайраро муттаҳид месозад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.

Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашта, айни замон намояндаи Тоҷикистон Ҳабиб Мирзозода, ба ҳайси мудири иҷроияи Машварат фаъолият мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.