Фаррух Амонатов дар мусобиқаи ҷоми раиси Мумбай пирӯз шуд

Date:

Устоди шоҳмоти (гроссмействер)-и тоҷик Фаррух Амонатов бо касби 8 имтиёз аз 10 холи имконпазир дар мусобиқаи 12-ум оид ба дарёфти ҷоми раиси шаҳри Мумбайи Ҳиндустон пирӯзӣ ба даст овард, хабар медиҳад портали шоҳмоти e3e5.com.

Дар ин мусобиқаи шоҳмот дар се дараҷа беш аз дусад нафар намояндагони бист кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Дар гурӯҳи пурқуваттаринҳо – “А” шоҳмотбози тоҷик бидуни ягон шикаст мусобиқаро анҷом дода, ба ҷойи аввал соҳиб шуд. Зинаи дуюмро намояндаи Арманистон – Мануэл Петросян ишғол кард.

Моҳи гузашта Фаррух Амонатов ба пешсафӣ дар рейтинги шоҳмотбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон тибқи версияи Федератсияи байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ) идома дод.

То мусобиқа дар Мумбай ӯ 2624 имтиёз дошт. Дар зинаи дуюм бо 2445 имтиёз Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва дар ҷойи сеюм бо 2314 имтиёз Ҷамшед Исоев қарор доранд.

Миёни мунтахаби занони шоҳмтобози Тоҷикистон Марворид Насриддинзода бо 2066 имтиёз дар зинаи аввал, Надежда Антонова бо 1934 имтиёз дар мақоми дуюм ва Мутриба Ҳотамӣ бо 1857 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудаанд.

Бо натиҷаи 2288 имтиёз мунтахаби мардони шоҳмотбозони Тоҷикистон зинаи 83-юмро ишғол намуда, нисбат ба мардон мунтахаби занон бо касби 1637 имтиёз дар зинаҳои поинтар – 101-ум қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...