Ҷавони истаравшанӣ аз ғояти рашк занашро дар таксӣ кушт

Date:

Бино ба иттили маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз рӯи далели куштор бо бераҳмии махсус кормандони милитсия марди 26-солаи шаҳри Истаравшанро боздошт намудаанд.

“Номбурда аз сабаби муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсараш, зани 25-соларо, ки аз беморхонаи марказӣ ба хонааш бармегашт, дар дохили автомашинаи кирокаш (таксӣ) бо корд 10-маротиба ба узвҳои баданаш задааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 86 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуда, аксрияти онҳо дар заминаи ҷанҷолу муноқишаҳои оилавӣ сурат гирифтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...