Боздошти соҳибкор барои воридоти ғайриқонунии оби ҷав аз Ӯзбекистон

Кормандони милитсия сокини 37-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро боздошт намуданд, ки дар пойтахт ба соҳибкорӣ машғул буд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда муддати 7 моҳ тариқи қочоқ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба маблағи умумии беш аз 4 млн. 300 ҳазор сомонӣ оби ҷав (пиво) ворид кардааст. Ба ҷуз қочоқ, соҳибкор метавонад […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия сокини 37-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро боздошт намуданд, ки дар пойтахт ба соҳибкорӣ машғул буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда муддати 7 моҳ тариқи қочоқ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба маблағи умумии беш аз 4 млн. 300 ҳазор сомонӣ оби ҷав (пиво) ворид кардааст.

Ба ҷуз қочоқ, соҳибкор метавонад барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад низ ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад: аз моҳи июли соли гузашта то моҳи феврали соли равон ӯ 30 маротиба сарҳади давлатии ду кишварро гузаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҷиноят аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.