Даргузашти ангурпарвари маъруф Ҳоҷӣ Камол дар шаҳри Турсунзода

Date:

Шоми дирӯз дар шаҳри Турсунзода ангурпарвари маъруфи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Камол Мадумаров дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. То охири умр ӯ дар боғҳояш машғули кор буд.

Ҳоҷӣ Камол аз шаҳри Турсунзода боғпарвари маъруф аст. Ӯ дар майдони беш аз 600 гектар, ки аксари он қаблан бекор хобида буд, ба ангурпарварӣ машғул шуд.

Ин боғҳо айни замон яке аз ҷойҳои тамошобоби Тоҷикистон ба шумор мераванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти деҳқони ботаҷриба ва ангурпарвари шинохтаи кишвар Камол Мадумаров ба наздикони ӯ изҳори ҳамдардӣ кард.

Дар хабари дафтари матбуоти сарвари давлат гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо писари калони марҳум телефонӣ дар тамос шуда, бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли хонадони шодравон ва наздикону пайвандон аз даргоҳи Худованди муттаъол сабри ҷамил хост.

“Камол Мадумаров дар давоми умри бобаракати худ барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, бахусус, боғдорию ангурпарварӣ саҳми босазо гузошта, таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии диёри хеш сарф кардааст”, – омадааст дар хабар.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ аз ин ҳоҷагӣ боздид карда, меҳмонони олиқадри худро ба он ҷо мебурд.

Охири моҳи сентябри соли гузашта раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ин хоҷагӣ ташриф оварда, ба Ҳоҷӣ Камол автомобили Captiva туҳфа кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




“Ба ангурзори мо тез-тез меҳмонони воломақом меоянд. Танҳо ҳамин сол мо дар ин ҷо сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Белорус – Александр Лукашенкоро пешвоз гирифтем. Чанде қабл маҳсули корамонро ба роҳбари Ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский намоиш додем. Танҳо ҷанд рӯз пеш меҳмонон аз Сербия наздамон омаданд. Мо хушбахтем, зеро корамон маҳсул медиҳад. Меваҳои болаззат, меваҳои дӯстӣ!”, – қаблан изҳори назар карда буд ба “Азия-Плюс” Ҳоҷӣ Камол.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Охири моҳи август дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе Иди ангур ҷашн гирифта шуд. Деҳқонони хоҷагии Мадумаров низ дар ин ид ширкат варзида, 10 навъи ангурро ба намоиш гузоштанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...