Ноболиғи бе ҳуҷҷати ронандагӣ дучори садамаи марговар шуд

Date:

Як ноболиғ дар пойтахт бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чамбарак нишаста, ба садамаи нақлиётӣ роҳ додааст, ки бар асари он 1 кас фавтидаву 3 нафар маҷруҳ шуданд. 

Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ин ҳодиса рӯзи 16-уми октябр дар кӯчаи Туниси шаҳри Душанбе рух додааст. Ронандаи 17-солаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099» аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Саид Юсуфов ва Салимҷон Маҳмадшоевро пахш кардаву ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Азиз Ҳафизов аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар беморхона фавтидааст. Мусофирони дигари воситаи нақлиёт Манучеҳри Ӯктам ва Шариф Раҷабов, инчунин пиёдагард Саид Юсуфов бо ҷароҳатҳои гуногун бистарии дармонгоҳ шудаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...