Селфи бо қаҳрамони ҷаҳон. Истиқболи Сомон Маҳмадбеков дар Душанбе

Date:

Имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт маросими тантанавии истиқболи Сомон Маҳмадбеков баргузор шуд, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.

Роҳбарони Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, варзишгарон, намояндагони ВАО ва сокинони шаҳр ба пешвози қаҳрамони ҷаҳон омаданд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои дарёфти медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон ба Сомон Маҳмадбеков 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад.

Ӯ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 17-20 октябр дар Марокаш доир гардид, ба унвони қаҳрамонӣ соҳиб шуд. Дар қувваозмоии финалӣ дар вазни то 73 кило ӯ рӯзи 17-уми октябр бар ҳарифаш аз Русия Георгий Елбакиев дастболо шуд.

Пас аз ин пирӯзӣ ӯ дар вазни то 73 кг дар садри рейтинги ҷаҳонӣ қарор гирифта, аз зинаи 58-ум якбора ба зинаи аввал баромад: шумори имтиёзҳои бадастовардаи Сомон Маҳмадбеков ба 559 расида, аз варзишгари Молдова Виктор Стерпу (зинаи дуюм) 8 имтиёз бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...