Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии Тоҷикистон ҳамоишҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ оғоз шуданд. Нақшаи чорабиниҳо, ки аз 8-уми ноябр шурӯъ гардида, то 4-уми июни соли 2020 идома меёбад, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст.
Тибқи маълумоти Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, вохӯрии нахустини ҳайати корӣ 8-уми ноябр бо иштироки доираи васеи муҳассилину унвонҷӯён ва омӯзгорону устодон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ масоили ташаккули малакаҳои тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазирию инсондӯстӣ, ҳифзи солимии моддиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ баррасӣ шуданд.
Ин вохӯриҳо бо иштироки олимону коршиносон, равоншиносону мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе доир мешаванд.
Нақшаи чорабиниҳои ҳамоишҳои мазкур дар асоси нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати ҶТ аз 30-юми сентябри соли 2019 таҳия шуда, мавриди иҷро қарор гирифтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


