Тиҷорати кишоварзон дар Тоҷикистон рақобатпазир мешавад

Маросими ҷамъбасти ҷузъи кумаки техникии “Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” (ECTAP), ки аз ҷониби Иттиходи Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шудааст, рӯзи 21-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Бино ба тавзеҳи бенефитсиарон, лоиҳа барои навсозӣ ва диверсификатсия дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бо тариқи баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва мустаҳкам намудани занҷири истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва […]

Иттилоияи расмӣ

Маросими ҷамъбасти ҷузъи кумаки техникии “Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” (ECTAP), ки аз ҷониби Иттиходи Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шудааст, рӯзи 21-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бино ба тавзеҳи бенефитсиарон, лоиҳа барои навсозӣ ва диверсификатсия дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бо тариқи баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва мустаҳкам намудани занҷири истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва сифати онҳо мусоидат кард.

Тавре хонум Мэрилин Йосефсон, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қайд намуд: “Навсозӣ, диверсификатсия ва ҳамгироии иҷтимоӣ яке аз рукнҳои калидии дастгирии ИА оид ба рушди соҳаи деҳот боқӣ мемонад. ИА тасмим гирифтааст ки дар давраи солҳои 2014-2020 барои рушди ин соҳа 100 миллион евро сармоягузорӣ кунад. Ниҳоят, дастгирии рушди бахши хусусӣ дар соҳаи агробизнес яке аз афзалиятҳои асосӣ барои ИА ба ҳисоб меравад ва лоиҳаи ECTAP дар ин ҷода саҳми назаррас гузоштааст”.

Зиёда аз 10000 деҳқонони маҳаллӣ аз кумаки техникии лоиҳа баҳра бурданд. Тренингҳои махсус оид ба технологияҳои муосири кишоварзӣ ба монанди обёрии қатрагӣ, ҳифзи растаниҳо ва идоракунии боғу полезҳо пешкаши дехқонон гардиданд. Инчунин бо мақсади санҷидани зироатҳои серҳосили хӯроки чорво ва генетикаи муосир қитъаҳои намоишӣ ташкил карда шуда, рӯзҳои намоишӣ барои амалиёти инноватсионии кишоварзӣ баргузор шуданд. Илова бар ин, таъминкунандагони хизматрасониҳо дар самти паҳн кардани донишҳои кишоварзӣ барои пешкаши хизматрасонии беҳтар барои зиёда аз 20000 мизоҷонашон аз ҷониби ECTAP дастгирӣ карда шуданд.

ECTAP бо истифода аз усули «Аз деҳқон ба дастархон» хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ва занонро дар истеҳсоли маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва инчунин меваю сабзавот, коркард, санҷиши сифат ва брендинг дастгирӣ кард. Ҳамзамон лоиҳаи ECTAP дар пайваст намудани агробизнес ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ бо харидорони маҳсулоти онҳо ва таъминкунандагони техникаи кишоварзӣ нақши муҳим дошт.

Бозоралӣ Одина – сардори Комбинати шири Кӯлоб мегӯяд: "ECTAP корхонаи моро дар устувор гардонидани стратегияи тиҷоратӣ дастгирӣ карда, ба рақобатпазирии корхонаамон мусоидат намуд. Акнун мо метавонем маҳсулоти шириамонро бо сифати баланд ба харидорон пешкаш кунем".

Бо мақсади баланд бардоштани дастрасии деҳқонон ба маблағгузорӣ, ECTAP иқтидори муассисаҳои молиявии маҳаллиро мустаҳкам намуда, ба онҳо дар таҳияи маҳсулоти нави қарздиҳӣ, ки барои соҳаи кишоварзӣ мувофиқ аст, кумак расонид. Дар ин ҷода ECTAP дар якҷоягӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) даст ба даст кор бурдааст, ки пешниҳоди хатҳои қарзиро ба муассисаҳои молиявии маҳаллӣ барои додани қарз ба деҳқонон, агробизнес ва инчунин таъминкунандагони хизматрасониҳо дар самти паҳн кардани донишҳои кишоварзӣ идома хоҳад дод. ИА маблағгузории худро дар шакли грант ба қарзҳои БАТР илова намуда, ба баланд бардоштани дастрасии деҳқонон ба маблағгузорӣ мусоидат кард.

ECTAP дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 форуми байналмилалии сармоягузориро оид ба соҳаи кишоварзӣ баргузор намуд, ки барои такмили дониши кишоварзон ва намояндагони агробизнес, афзоиши сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои пешрафтаи чаҳон мусоидат кард. Форумҳо беш аз 750 намояндагони агробизнеси хориҷиву маҳаллӣ ва инчунин таъминкунандагони техникаи кишоварзиро бо ҳам оварданд. Дар илова, ECTAP 4 сафари омӯзиширо ба Аврупо ва Ӯзбекистон ташкил карда, иштирокчиёнро бо таҷрибаи пешқадами хоҷагидорӣ ва агробизнес шинос намуд.

ECTAP аз ҷониби ИА дар ҳамкории зич бо БАТР таҳия ва маблағгузорӣ шуда, дар асоси консорсиум таҳти роҳбарии Мактаби молия ва идоракунии Франкфурт татбиқ гардидааст.

Бо такя ба таҷрибаи ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои ECTAP ва БАТР CLIMADAPT, ҷузъи маблағгузории БАТР идома меёбад. Барои муассисаҳои молиявӣ он ба механизми маблағгузории минбаъда, Барномаи маблағгузории иқлими сабз (GEFF) табдил меёбад, ки мақсади он васеъ кардани дастрасӣ ба маблағҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии занҷири бунёди арзиш дар соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои пурмаҳсул мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.