Шаҳрвандии Русияро соҳиб шудани 30 ҳазор тоҷикистонӣ аз оғози сол

Date:

Тӯли 9 моҳи соли равон 30 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар ин бора “Известия” бо истинод ба ВКД-и Русия хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (192 ҳазор нафар) шумори ба шаҳрвандии Русия соҳибшудагон дар ин давра 48% афзудааст.

“Қисмати асосии русиягиҳои нав шаҳрвандони Украина мебошанд, ки аз нисф зиёд – 146 ҳазор нафарро ташкил додаанд. Ҳамчунин аз Қазоқистон – 35 ҳазор, Тоҷикистон – 30 ҳазор, Арманистон – 17 ҳазор, Ӯзбекистон – 14 ҳазор, Молдова – 11,5 ҳазор нафар соҳиби шиносномаҳои Русия шуданд”, – хабар медиҳад манбаъ.

Таъкид мешавад, ки ин афзоиш ба сабук шудани тартиботи додани шиноснома ба шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, ҳамчунин осонтар шудани гирифтани шиносномаи Русия барои донандагони забони русӣ вобаста аст.

“Аксари хориҷиён дар вилояти Ростов (71 ҳазор), шаҳру вилояти Маскав (мутаносибан 10 ва 18 ҳазор), кишвари Краснодар, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград (10 ҳазор нафарӣ) шиноснома гирифтаанд”, – қайд мекунад “Известия”.

Ба иттилои нашрия, моҳи октябр ҳукумат лоиҳаи қонунеро маъқул шуморид, ки дар он аз 6 то 3 моҳ камшавии муҳлати баррасии ариза барои гирифтани шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст. Навгонӣ ба касоне дахл хоҳад дошт, ки аризаро бевосита дар қаламрави кишвар супорида, онро бо тартиби соддашуда пешниҳод кардаанд.

“Моҳи гузашта Вазорати меҳнат васеъ кардани рӯйхати касбҳоеро барои шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани ҳуҷҷат бо роҳи осоншуда пешниҳод кард. Дар сурати аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул шудани он, намояндагони боз 135 касбу ихтисос, аз ҷумла, муҳандисони бахши кишоварзӣ, байторон, мураббиён, моҳипарварон, харротон, муҳаррирон, математикҳо, ҳамчунин табибони ихтиососҳои гуногун барои дастрас кардани шаҳрвандии Русия ариза пешниҳод карда метавонанд”, – менависад нашрия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...