Футболбоздухтарони тоҷик ҳамсолони афғони худро бо ҳисоби калон мағлуб карданд

Мунтахаби футболи занонаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ва Ҳисор ҷараён дорад, пирӯзии аввал ба даст овард. Торнамои расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар бозии даври сеюми мусобиқа шогирдони Тоҷиддин Наботов рӯзи 25-уми ноябр тими Афғонистонро бо ҳисоби калони 5 бар 1 мағлуб карданд. Бозиҳои дигари […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи занонаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ва Ҳисор ҷараён дорад, пирӯзии аввал ба даст овард.

Торнамои расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар бозии даври сеюми мусобиқа шогирдони Тоҷиддин Наботов рӯзи 25-уми ноябр тими Афғонистонро бо ҳисоби калони 5 бар 1 мағлуб карданд.

Бозиҳои дигари даври сеюми мусобиқа тариқи зайл анҷом пазируфтанд: Эрон-Қирғизистон – 6:0 ва Ӯзбекистон-Туркманистон – 7:0.

Ҳамин тариқ баъд аз даври сеюм тимҳои Ӯзбекистон ва Эрон бо касби 9-имтиёзӣ дар зинаҳои аввали ҷадвал буда, мунтахаби Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ бар дастаи Афғонистон бо 4 хол дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Бозиҳои даври чаҳорум имрӯз, 26-уми ноябр баргузор мешаванд. Соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Эрон, инчунин дар ҳамин вақт дар Варзишгоҳи маказии Душанбе вохӯрии тимҳои Афғонистон ва Қирғизистон баргузор мешаванд. Соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон вомехӯранд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни тимҳои олимпии занонаи синни зери 23-сола як давр бо вохӯриҳои дастаҳо байни ҳамдигар доир мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумори бештари имтиёзҳои гирифта муайян хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.