Соф шудани ҳаво сардӣ меорад

Шабонарӯзи наздик дар робита ба соф шудани ҳаво, поинравии ҳарорат дар саросари кишвар пешгӯйӣ шудааст. Тавре Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ағбаҳои кишвар ҳавои то 21 дараҷа сард мешавад. “Шабонарӯзи наздик субҳи дам ва шабона дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бинобар сабаби соф шудани ҳаво, поинравии ҳарорат дар водиҳо то 0-5, дар шимол то 8 дараҷа, […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Шабонарӯзи наздик дар робита ба соф шудани ҳаво, поинравии ҳарорат дар саросари кишвар пешгӯйӣ шудааст.

Тавре Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ағбаҳои кишвар ҳавои то 21 дараҷа сард мешавад.

“Шабонарӯзи наздик субҳи дам ва шабона дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бинобар сабаби соф шудани ҳаво, поинравии ҳарорат дар водиҳо то 0-5, дар шимол то 8 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 10, дар ноҳияҳои кӯҳистон то 13 ва дар ағбаҳо 16-21 дараҷа ҳавои хунук дар назар аст”, – хабар медиҳад агентӣ.

Гуфта мешавад, дар аксари ноҳияҳо туман фаромада, баъзан дурии биниш то ба 200-500 метр мерасад.

Болоравии ҳароратро то 4-5 дараҷа обуҳавошиносон аз 1 то 5 декабр интизор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.