Ислом Толибов қаҳрамони Осиё байни наврасон оид ба гуштин

Варзишгарони навраси Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ дар байни наврасони то 15-сола 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, чемпионат 22-24 ноябр бо иштироки 152 варзишгари беш аз 10 кишвари қора дар Тайпейи Чин баргузор шуд. Дар он аз Тоҷикистон 3 варзишгар ширкат варзида, ҳар […]

Asia-Plus

Варзишгарони навраси Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ дар байни наврасони то 15-сола 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, чемпионат 22-24 ноябр бо иштироки 152 варзишгари беш аз 10 кишвари қора дар Тайпейи Чин баргузор шуд. Дар он аз Тоҷикистон 3 варзишгар ширкат варзида, ҳар се сазовори медал гардиданд.

Гуфта мешавад, Ислом Толибов дар вазни 57кг-и гуштини юнонӣ-римӣ ҷойи аввалро ишғол кард. Ӯ дар ду даври аввал бар варзишгарони Ҳиндустон (Соҳит Соҳит) ва Қазоқистон (Алтинбек Жадрасинов), дар нимфинал бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Йу Сианг Ҳанг ва дар финал боз ҳам бар Алтинбек Жадрасинови қазоқистонӣ пирӯз шуда, медали тилло ба даст овард.

Зикр мешавад, ки Насимҷон Турдибеков дар вазни 68кг-и гуштини юнонӣ-римӣ бо ду ғалаба ва ду бохт, ҳамчунин Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни 57кг-и гуштини озод бо ду ғалаба ва як бохт ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.