Дилшод Назаров беҳтарин дар варзиши сабук дониста шуд

Date:

Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон беҳтаринҳои ин бахши варзишро дар соли 2019 муайян сохт. Зинаи аввалро қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров ишғол кард.

Ӯ ба гумони истифодаи маводи манъшуда (допинг) аз ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳон дар Қатар маҳрум шуд.

Дар Тоҷикистон ҳукумат ва мухлисон ӯро дастгирӣ карданд. Дилшод Назаров изҳор дошт, ки агар ин масъала дар IAAF ва CAS баррасӣ шавад, ба ҳимояи худ омода аст.

Аммо ин ҳолат ба дубора беҳтарин дониста шудани ӯ дар навъи варзиши сабук монеъа эҷод карда натавонист.

Гулсумбӣ Шарифова, ки дар давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр рекордҳои нави Тоҷикистонро гузошт, дар рӯйхати беҳтаринҳои Федератсияи варзиши сабуки кишвар дар зинаи дуюм ҷойгир аст.

Кристина Пронженко низ дар давидан ба масофаҳои 400 метр ва 400 метр бо монеъаҳо рекордҳои нави миллӣ гузошта, шомили рӯйхати беҳтаринҳои федератсия дар соли 2019 гардид.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...