Умедвории Тоҷикистон ба хотимаи “бетартибиҳо” дар марз бо Қирғизистон

Date:

Тавре хабар дода будем, ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазир Азим Иброҳим фардо, 14-уми январ дар шаҳри Исфара бо ҳайати Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Жениш Раззоқов доир ба пешгирии муноқишаҳо дар марзи ду кишвар гуфтушунид мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҳайати Тоҷикистон аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ иборат аст.

“Ҳайати Тоҷикистон умедвор аст, ки дар Исфара бобати минбаъд роҳ надодан ба муноқишаҳо дар сарҳад ва ҳалли ниҳоии масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани созмондиҳандагони ин низоъҳо созиш ҳосил мешавад”, – қайд кард манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон гурӯҳҳои доимо амалкунандаи иборат аз харитасозон, мутахассисони масоили геодезӣ ва коршиносон ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад машғуланд.

Дар доираи гуфтушуниди рӯзи 14-уми январ дар Исфара баргузории вохӯриҳои ҷудогонаи роҳбарони Прокуратураи генералӣ, ВКД ва хадамоти сарҳадбонии кишварҳо аз эҳтимол дур нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...