Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон ҷаласа гузаронд

Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон имрӯз, 28-уми январ дар бинои Ҳукумати ҶТ таҳти роҳбарии сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор шуд. Дар он аъзои Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзиданд. Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза […]

Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон имрӯз, 28-уми январ дар бинои Ҳукумати ҶТ таҳти роҳбарии сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор шуд.

Дар он аъзои Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзиданд.

Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, ин ҷаласаро Қоҳир Расулзода ифтитоҳ карда, сипас ҳисоботи котиби Шӯро – муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ оид ба рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи шашуми Шӯро ва Нақшаи кории он барои соли 2019 муҳокима шуд.

Зимнан сарвари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Сулаймон Султонзода оид ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» суханронӣ карда, норасоиҳои дар ин самт ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар идомаи ҷаласа ҳисоботҳои раисони вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати бартараф кардани кабудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Бо назардошти масъалаҳои баррасишуда раиси Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар охири ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуда, Нақшаи кории Шӯро барои соли 2020 тасдиқ гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.