Travel and Leisure Тоҷикистонро кишвари муаррифинашуда ба ҷаҳониён номид

Коршиносони байнулмилалии соҳаи сайёҳӣ рӯйхати самтҳои бештар муаррифинашуда, лекин қобили таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро таҳия кард. Тавре Travel and Leisure менависад, Тоҷикистон низ ба даҳгонаи ин самтҳо дохил шудааст. Ба ақидаи ширкати сайёҳӣ, яке аз лаҳзаҳои ҷолиб зимни сафар ба ин кишвари Осиёи Марказӣ дар он аст, ки тӯли ин солҳо он хеле кам тағйир ёфтааст. “Аз […]

Коршиносони байнулмилалии соҳаи сайёҳӣ рӯйхати самтҳои бештар муаррифинашуда, лекин қобили таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро таҳия кард.

Тавре Travel and Leisure менависад, Тоҷикистон низ ба даҳгонаи ин самтҳо дохил шудааст.

Ба ақидаи ширкати сайёҳӣ, яке аз лаҳзаҳои ҷолиб зимни сафар ба ин кишвари Осиёи Марказӣ дар он аст, ки тӯли ин солҳо он хеле кам тағйир ёфтааст.

“Аз ин рӯ, барои сайёҳон дарвоқеъ ҳам як таҷрибаи нодирест, ки онро бисёр ҷустуҷӯ мекунанд, аммо кам вомехӯранд”, – қайд мекунанд коршиносон.

Travel and Leisure махсус таъкид мекунад, ки маҳз дар Тоҷикистон метавон дар бораи Роҳи Абрешими қадима маълумоти зиёд дарёфт кард.

Ба сафи кишварҳое, ки имконоти сайёҳиашон то ҳол барои бисёре аз ҷаҳонгардон муаррифинашуда боқӣ мемонанд, ҳамчунин Марокаш, Гамбия, Судон, Гренландия, Молдова, Никарагуа, Камбоҷа ва ҷазираҳои канадагии Хауда-Гуай шомил шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.