Медалҳои 75-солагии Ғалаба ба 5 собиқадори ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 5 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медалҳои “75-солагии Ғалаба” қадрдонӣ шуданд. Медалҳои ҷашниро ба собиқадорон Мирзоалӣ Иброҳимов ва Дастур Мансуров, ҳар ду 99-сола, Раҳимбой Раҳматови 97-сола, Қамбар Хайбарови 96-сола ва Маъмур Аҳмадови 95-сола консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов ва роҳбари Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 5 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медалҳои “75-солагии Ғалаба” қадрдонӣ шуданд.

Медалҳои ҷашниро ба собиқадорон Мирзоалӣ Иброҳимов ва Дастур Мансуров, ҳар ду 99-сола, Раҳимбой Раҳматови 97-сола, Қамбар Хайбарови 96-сола ва Маъмур Аҳмадови 95-сола консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов ва роҳбари Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд Иван Иванов супурданд.

Зимни суханронии шодбошӣ назди ҳозирин Андрей Варламов қайд кард, ки “бо баҳои талафоти зиёд ва ҷасорату қаҳрамонии бемисли мардуми шӯравӣ фашизм мағлуб карда шуд”.

“Бобою бобокалонҳои мо барои Ғалаба мубориза бурданд, то ки имрӯз мо осоишта зиндагӣ кунем. Сари таъзим наздатон фуруд меорем, собиқадорони азиз! Иди Ғалаба муборак!”, – гуфт ӯ.

Сипас барои собиқадорон барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд, аз ҷумла, тарбиятгирандагони кӯдакистони “Гулшан” таронаи машҳури замони ҷанг “Смуглянка”-ро сароиданд.

Тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорони ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ин ноҳия 2372 нафар ба ҷанг даъват шуда, 806 нафар ҷанговарон ба хонаҳояшон баргаштанд ва 1566 нафар ҳалок ё бе ному нишон шуданд.

Имрӯз дар ноҳия 5 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.