Боз бемории сил? Фавти сокини ноҳияи Шаҳристон. Хешонаш ба карантин гирифта шуданд

Дар дармонгоҳи бемории сили вилояти Суғд 11-уми апрел сокини ноҳияи Шаҳристон вафот кард. Шояд ҳодисаи маъмулӣ бошад, аммо хешовандони марҳум ба карантин гирифта шуданд. Маълумот дар бораи марги сокини 61-солаи ноҳияи Шаҳристон Шодмон Раҷабовро муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки Раҷабов ба […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Дар дармонгоҳи бемории сили вилояти Суғд 11-уми апрел сокини ноҳияи Шаҳристон вафот кард. Шояд ҳодисаи маъмулӣ бошад, аммо хешовандони марҳум ба карантин гирифта шуданд.

Маълумот дар бораи марги сокини 61-солаи ноҳияи Шаҳристон Шодмон Раҷабовро муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки Раҷабов ба инсулин вобастагӣ дошт.

“Ӯ рӯзи 8-уми апрел бистарӣ шуд. Раҷабов баъди ба сауна (ҳаммом) рафтан  худро бад ҳис карда, ба беморхонаи ноҳияи Шаҳристон муроҷиат мекунад. Аммо дар он ҷо ба ӯ гуфтанд, ки вазъи саломатияш хуб аст. Ӯ ба хона омада, боз худро бад ҳис кард. Баъд аз муроҷиаташ ба беморхонаи вилоятӣ, зимни муоина дар ӯ бемории сил ошкор шуд”, – иброз дошт Ҳоҷибоев.

Вай афзуд, ки Раҷабовро дар дармонгоҳи бемориҳои сили Деҳмой бистарӣ карданд ва ӯ дар он ҷо фавтид.

“Аъзои оилаи ӯ дар беморхонаи сироятии ноҳияи Шаҳристон ба карантин гирифта шуда, зери муоинаи табибон қарор доранд”, – қайд кард муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд.

Шодмон Раҷабови фавтида дар канори шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба фурӯши “танӯркабоб”-и маъруф машғул буд.

Маъруф Ҳоҷибоев илова кард, ки ба ҳолати соати 8-и 14-уми апрел 1206 нафар дар минтақаҳои карантинии вилояти Суғд қарор доранд. 1942 нафар аз карантин рухсатӣ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки 12 апрел як корманди беморхонаи вилоятии клиникӣ дар Бохтар вафот кард. Дар ин беморхона тоҷикистониёни аз хориҷи кишвар баргаштаро ба карантин гирифтаанд. Дар маълумоти расмӣ сабаби марги ин зан ҳам бемории сил унвон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.