Иттиҳоди Аврупо дар посух ба мактуби президенти Тоҷикистон 78 млн евро медиҳад

Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар посух ба мактуби президенти Тоҷикистон оид ба расонидани дастгириҳои молиявию техникӣ барои пешгирии паёмадҳои паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ 78 млн евро ҷудо мекунад. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 14 апрел бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон дидору гуфтушунид […]

Asia-Plus

Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар посух ба мактуби президенти Тоҷикистон оид ба расонидани дастгириҳои молиявию техникӣ барои пешгирии паёмадҳои паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ 78 млн евро ҷудо мекунад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 14 апрел бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон дидору гуфтушунид кард.

Тавре дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ Завқизода ҳамчун ҳамраиси қисми тоҷикистонии Кумитаи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо пайгирии мактуби президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Комиссияи ИА оид ба расонидани дастгириҳои молиявию техникӣ барои пешгирии паёмадҳои паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Вобаста ба ин Сафири Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба дархости ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмакҳои молиявии иловагиро ба маблағи 48 млн. евро грант ва тавассути Бонки Сармоягузории Аврупо 30 млн. евро қарз барои нақшаҳои зиддибуҳронии ҳукумати кишвар сафарбар менамояд.

Гуфта мешавад, маблағҳои мазкур тавассути соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таҳкими сарҳад, тақвияти муассисаҳои тиббию таълимӣ, обёрӣ, санитарӣ ва пешгирии паёмадҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона мегардад.

Ғайр аз ин, муҷаҳҳазгардонии мутахассисони соҳаи тиб бо либосҳои ҳимоявӣ дар 25 дармонгоҳи тиббӣ ба маблағи 1,3 млн. евро ва таъмини лавозимоти санитарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 780 ҳазор евро анҷом дода мешавад.

Зикр мегардад, ки зимни мулоқот ҳамчунин ба масоили дигари рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла REX, GSP+, дастгирии буҷет таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.