Тоҷикистон ҷазои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои хориҷиён сабук месозад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 15 апрел тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ қабул кард. Зимни шарҳи тағйироту иловаҳо ба вакилон муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода қайд кард, ки дар тағйироту иловаҳо огоҳӣ ё ҷарима ҳангоми аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ риоя нашудани қоидаҳои вуруд ба минтақаи наздисарҳалӣ, инчунин қоидаҳои будубош ё бақайдгирӣ, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 15 апрел тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ қабул кард.

Зимни шарҳи тағйироту иловаҳо ба вакилон муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода қайд кард, ки дар тағйироту иловаҳо огоҳӣ ё ҷарима ҳангоми аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ риоя нашудани қоидаҳои вуруд ба минтақаи наздисарҳалӣ, инчунин қоидаҳои будубош ё бақайдгирӣ, ки бори аввал содир мешаванд, пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи тағйироту иловаҳо  танҳо ҳангоми такроран содир шудани қонуншиканиҳои зикршудаи маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, онҳо аз қаламрави кишвар хориҷ карда мешаванд.

Умарзода таъкид дошт, ки тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ равона шудаанд.

Ғайр аз ин, қайд кард ӯ, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бисёр оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар он сӯйи марз хешону наздикон доранд.

Ба гуфтаи муовини вазир, қонунгузории амалкунанда равуо ва дидорбинии хешовандонро, ки дар ду тарафи сарҳад зиндагӣ мекунанд, душвор месозад.

Гап сари он аст, ки илова кард ӯ, шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ мешаванд, дар муддати панҷ сол барои вуруд ба ҷумҳурӣ ҳуқуқ надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.