Тамошо намешавад. Манъи чорабиниҳои Рӯзи пойтахт барои пешгирии коронавирус

Date:

Шаҳрдории Душанбе дар бораи бекор кардани чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт хабар дод.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID 19) ва ҳифзи солимии аҳолӣ гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба "Рӯзи пойтахт" дар шаҳри Душанбе манъ карда мешавад”, – омадааст дар маълумоти нашркардаи шаҳрдорӣ.

Қаблан Рустами Эмомалӣ қарор имзо карда буд, ки мувофиқи он, ба муносибати ҷашн дар тамоми боғҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе” барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мешуданд.

Ҳамчунин байни наврасону ҷавонон гузаронидани озмунҳои гуногун ва чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла, мусобиқа оид ба мини-футбол дар назар буд.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил шуда, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...