Даргузашти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева

Рӯзи якшанбе, 3-юми май қалби ҳунарманди театру синамо, Ҳунарешаи халқии Тоҷикистон Савринисо (Саврӣ) Сабзалиева аз тапидан бозмонд. Ба гуфтаи пайвандони ҳунарпеша, ӯ аз бемории диабети қанд азият кашида, замони охир вазъи саломатияш бад шудааст. Саврӣ Сабзалиева 27-уми январи соли 1948 таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, ВГИК (Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематография, машғулиятгоҳи С.Ф.Бондарчук)-ро хатм кардааст. Аз соли […]

Рӯзи якшанбе, 3-юми май қалби ҳунарманди театру синамо, Ҳунарешаи халқии Тоҷикистон Савринисо (Саврӣ) Сабзалиева аз тапидан бозмонд.

Ба гуфтаи пайвандони ҳунарпеша, ӯ аз бемории диабети қанд азият кашида, замони охир вазъи саломатияш бад шудааст.

Саврӣ Сабзалиева 27-уми январи соли 1948 таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, ВГИК (Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематография, машғулиятгоҳи С.Ф.Бондарчук)-ро хатм кардааст. Аз соли 1973 дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекард.

Худи ҳамон сол нақши аввалинашро дар кино бозид. Дар филмҳои “Вохӯрӣ дар дараи марг”, “Панҷ нафар дар пайроҳа”, “Ҳеҷбудагон”, “Ман сарҳад”, “Зане аз диёри дур” ва ғайра нақш офаридааст. Узви Иттифоқи синамогарони Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон буд.

Бонуи зебои шарқӣ Саврӣ Сабзалиева дар бисёр спектаклу филмҳо нақши зани тоҷикро хеле олӣ мебозид. Ба туфайли қобилияти беҳамтои ҳунармандӣ ва инсонияш, ҳам ҳунармандону ҳам тамошобинон гармиву неру, зебоӣ ва истеъдоди ӯро эҳсос мекарданд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор медоранд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.