Котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ иваз шуд

Вазири нави тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз, 13-уми май котиби матбуотии Вазорат Бибихонум Дарвешзодаро аз вазифа озод ва шахси дигарро ба ин мансаб таъин кард. Котиби матбуотии нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Эмомалӣ Мирзоев таъин шуд, ки то ин дам сарварии шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи беморхонаи “Истиқлол”-ро бар дӯш дошт. […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазири нави тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз, 13-уми май котиби матбуотии Вазорат Бибихонум Дарвешзодаро аз вазифа озод ва шахси дигарро ба ин мансаб таъин кард.

Котиби матбуотии нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Эмомалӣ Мирзоев таъин шуд, ки то ин дам сарварии шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи беморхонаи “Истиқлол”-ро бар дӯш дошт. Вазири нави тандурустӣ низ қаблан сарвари ҳамин беморхона буд.

Дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Эмомалӣ Мирзоев таъиноташро ба ҳайси котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ тасдиқ кард.

“Ташаккур барои табрикот! Ҳамин ҳоло ба ҳуҷраи кориам даромадам, бо кормандон шинос мешавам. Ба ҳамкории пурсамар бо ВАО умедворам”, – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 5-уми май ба вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шуд.

Қобили зикр аст, ки рӯзноманигорон аз фаъолияти собиқ котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ шикоят доштанд, зеро дастрасии маълумот аз ин ҷо душвор буд ва бо оғози хуруҷи коронавирус тамос гирифтан бо ин вазорат қариб ғайриимкон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.