“Корти миллӣ” кор намекунад. Пули нақдро танҳо дар бонк метавон гирифт

Дорандагони кортҳои бонкии низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” аз рӯзи душанбе дучори мушкилот шудаанд. Одамон шикоят доранд, ки пардохти пули маҳсулоту хизматрасониҳо бо ин кортҳо имкон надошта, инчунин аз кортҳо пули нақд гирифта наметавонанд. Дар Маркази протсессингии низоми пардохти “Корти миллӣ” ҳанӯз рӯзи 12-уми май ба “Азия-Плюс” итминон дода буданд, ки ин мушкилоти техникиро мутахассисон […]

Дорандагони кортҳои бонкии низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” аз рӯзи душанбе дучори мушкилот шудаанд. Одамон шикоят доранд, ки пардохти пули маҳсулоту хизматрасониҳо бо ин кортҳо имкон надошта, инчунин аз кортҳо пули нақд гирифта наметавонанд.

Дар Маркази протсессингии низоми пардохти “Корти миллӣ” ҳанӯз рӯзи 12-уми май ба “Азия-Плюс” итминон дода буданд, ки ин мушкилоти техникиро мутахассисон то охири рӯз бартараф месозанд.

Вале мушкил қисман ҳал шудааст: ҳозир хизматрасонии Amonat Online ва SMS-Payamak фаъол аст. Лекин аз корт пули нақд гирифта намешавад.

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, ки оператори низоми пардохти “Корти миллӣ” аст, имрӯз, 13-уми май хабар дод, ки мутахассисон ба ҳалли масъала машғуланд. 

“Муштариёне, ки ба пули накд ниёз доранд, метавонанд бо шиноснома ва корти худ ба филиалҳои Бонк, ки аз он ҷо корти худро гирифтаанд, ҳозир шуда, маблағи зарурии худро дастрас намоянд”, – қайд мешавад дар хабари “Амонатбонк”.

Гуфта мешавад, мушкили техникии “Корти Миллӣ” дар кӯтоҳтарин фурсат бартараф мешавад.

Аммо дорандагони “Корти миллӣ” аз он норозиянд, ки “ба ҷойи худро дар замони пандемия ҷудо нигоҳ доштан, мо бояд ба шуъбаи бонкҳо рафта, навбатпойӣ кунем ва ҳаёти худро дар хатар гузорем”.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи кормандони буҷет ва нафақахӯрон маош ва нафақаҳои худро танҳо тариқи “Корти миллӣ” мегиранд. Имрӯз онҳо ба гирифтани пулҳои худ имкон надоранд.

Тибқи маълумоти “Амонатбонк”, кортҳои бонкии низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” ба ҳамаи хоҳишмандон дода мешаванд.

Бино ба иттилои Бонки миллӣ, имрӯз аз ҷониби ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон кортҳои Низоми миллии пардохти “Корти миллӣ”, низомҳои байнулмилалии пардохти VISA ва Mastercard, кортҳои кобрендингии низомҳои пардохти UnionPay ва НМП “Корти миллӣ”, кортҳои дохилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муомилот бароварда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...