Вазири тандурустӣ аз вазифа озод шуд

Раисҷумҳур имрӯз, 5-уми май Насим Олимзодаро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон озод кард. Ба ҷойи ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода ба ин вазифа таъин шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. То имрӯз, 5-уми май дар Тоҷикистон […]

Раисҷумҳур имрӯз, 5-уми май Насим Олимзодаро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон озод кард. Ба ҷойи ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода ба ин вазифа таъин шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

То имрӯз, 5-уми май дар Тоҷикистон 293 ҳолати сирояти коронавируси нави CОVID-19  ба қайд гирифта шуда, бар асари он 5 нафар фавтидаанд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар додааст.

Вазири нави тандурустӣ кист?

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло 9-уми декабри соли 1966 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Соли 1989 баъд аз хатми Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолияти худро ҳамчун духтури интернаи Беморхонаи клиникавии №5-и шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Солҳои 1990-1991 ҳамчун табиби ҷарроҳи Дармонгоҳи №7-и Беморхонаи клиникии шаҳрии №2-и шаҳри Душанбе (ҳоло Маркази тиббии шаҳрӣ) фаъолияташро идома додааст.

Солҳои 1991-1997 дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №3 ба ҳайси духтури ҷарроҳ, солҳои 1997-2007 мудири шуъбаи ҷарроҳӣ, сипас то соли 2014 дар ҳамин муассиса ҳамчун сардухтур фаъолият кардааст.

Соли 2014 ба вазифаи сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” таъин шудааст.

Аз соли 2017 то кунун ба ҳайси директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” фаъолият мекард.

Соли 2002 рисолаи номзадияшро дар мавзўи «Ташхиси маҷмӯъ ва пешгирии норасоии кӯкҳои рӯдаи дувоздаҳангушта баъди буриши меъда бо усули Билрот 2» ҳимоя кард. Ӯ ҳамзамон ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №2-и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва аз соли 2014 ба сифати дотсенти кафедраи мазкур фаъолият дошт.

Соли 2011 дар мавзӯи «Ташхис ва ба танзимдарории ҷарроҳии рефлюкси гастрит ва рефлюкси эзофагит дар бемории санги сафро» рисолаи докториро ҳимоя карда, соли 2012 соҳиби унвони профессор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.