Шумораи гирифторони коронавирус дар як шабонарӯз 72 нафар зиёд шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 13-уми май дар мамлакат 801 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, 23 кас бар асари он фавтидаанд. “Ҳамзамон то имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 4148 кас зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 547 нафар пас аз шифо ёфтан […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 13-уми май дар мамлакат 801 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, 23 кас бар асари он фавтидаанд.

“Ҳамзамон то имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 4148 кас зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 547 нафар пас аз шифо ёфтан аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд”, – хабар додааст вазорат.

Сарфи назар аз он, ки дар шабонарӯзи гузашта якчанд нафар дар беморхонаҳои Тоҷикистон вафот карданд, маълумоти расмӣ оид ба теъдоди фавтидагон тағйир наёфтааст – 23 кас.

Дар рӯйхати шахсони аз COVID-19 ва “илтиҳоби шуш” фавтидаи сомонаи kvtj.info (Коронавирус Тоҷикистон), ки мардуми кишвар дар он ному насаб, рӯзи вафот, шаҳру минтақа, синну соли фавтидагон ва сарчашмаи маълумот оид ба онҳоро ҷойгир мекунанд, то лаҳзаи нашри ин хабар қариб 190 кас зикр шудаанд.

Аммо дар Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки маълумоти ин сомона саҳеҳ нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.