Ширкати тоҷикистонии “Лесинвест” барои муассисаҳои тиббӣ мошинҳои ёрии таъҷилӣ харид

Ширкати тоҷикистонии “Лесинвест” аз ҳисоби маблағҳои худ аз Ӯзбекистон 8 мошини ёрии таъҷилии тамғаи Damas Ambulance харид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” корманди ширкати “Лесинвест”, менеҷери фурӯшгоҳи автомобилҳои «RAVON» Ҳайдаршоҳ Носирзода хабар дод. Қаблан дар сомонаи CentralAsia хабар мунташир шуда буд, ки мошинҳои мазкур бо мақсади кумак ба беморон дар давраи пандемияи коронавирус аз ҷониби […]

Asia-Plus

Ширкати тоҷикистонии “Лесинвест” аз ҳисоби маблағҳои худ аз Ӯзбекистон 8 мошини ёрии таъҷилии тамғаи Damas Ambulance харид.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” корманди ширкати “Лесинвест”, менеҷери фурӯшгоҳи автомобилҳои «RAVON» Ҳайдаршоҳ Носирзода хабар дод.

Қаблан дар сомонаи CentralAsia хабар мунташир шуда буд, ки мошинҳои мазкур бо мақсади кумак ба беморон дар давраи пандемияи коронавирус аз ҷониби ширкати UzAuto Motors ба Тоҷикистон дода шудаанд.

“Дар асл мошинҳоро мо харидем, – мегӯяд Носирзода. – Роҳбарияти ширкати “Лесинвест” ният дорад, ки минбаъд онҳоро ба ихтиёри муассисаҳои тиббии Тоҷикистон диҳад”.

Қобили зикр аст, ки ширкати “Лесинвест” намоянда (дистрибютер)-и расмии автомобилҳои тамғаи «RAVON» дар Тоҷикистон мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?