Парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад? Билетҳо аллакай дар фурӯшанд

Чанде аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба фурӯши билетҳо ба хатсайри Маскав – Душанбе ва бозгашт дар сомонаҳои худ аз 30 июн оғоз карданд. Сохторҳои расмии Тоҷикистон алҳол ба ҳеҷ гунае инро шарҳ намедиҳанд. Чор парвоз дар як рӯз Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» дар торнамои худ ба мусофирон пешниҳод мекунад, ки ба хатсайрҳои мустақим аз Маскав […]

Чанде аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба фурӯши билетҳо ба хатсайри Маскав – Душанбе ва бозгашт дар сомонаҳои худ аз 30 июн оғоз карданд. Сохторҳои расмии Тоҷикистон алҳол ба ҳеҷ гунае инро шарҳ намедиҳанд.

Чор парвоз дар як рӯз

Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» дар торнамои худ ба мусофирон пешниҳод мекунад, ки ба хатсайрҳои мустақим аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд шурӯъ аз 13 июл билет харида метавонанд.

Нархи билети хатсайри Маскав – Хуҷанд аз 10 ҳазору 844 рубл (тақрибан 1609 сомонӣ) ва хатсайри Маскав – Душанбе аз 15 ҳазору 136 руб (тақрибан 2246 сомонӣ) оғоз мегардад.

Дар ҷадвали хатсайрҳо зикр шудааст, ки ширкат дар як рӯз 4 хатсайри мустақими нуқтаи таъин-бозгаштро анҷом медиҳад: 2 парвоз ба Хуҷанд ва 2 парвоз ба Душанбе.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ “Азия-Плюс” ба намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кард. Ӯ изҳор дошт, ки чунин маълумот надорад ва хабардор нест, чунки бар асари пандемия онҳоро ба рухсатӣ фиристодаанд.

Нархи билетҳо – аз 2018 сомонӣ

Ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр” дар сомонаи расмии худ дар бахши “Ҷадвали хатсайрҳо” харидории билетҳоро ба хатсайрҳои мустақим ба Душанбе шурӯъ аз 30 июн пешниҳод мекунад.

Арзиши билетҳо аз 13 ҳазору 600 рубл (тақрибан 2018 сомонӣ) ба хатсайри Маскав – Душанбе оғоз мегардад. Ба хатсайри Душанбе – Маскав билетҳо каме гаронтар буда, нархи пасттаринаш 15 ҳазору 840 рубл (тақрибан 2350 сомонӣ) зикр шудааст.

Ба самти Хуҷанд – Маскав дар як ҳафта бо се хатсайр парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Агентӣ шарҳ намедиҳад

Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи барқраор шудани алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо аз 1 июл “Азия-Плюс” ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон муроҷиат кард.

Дар он ҷо аз шарҳи масъала худдорӣ намуда, тавсия доданд, ки бо ин масъала ба онҳо хаттӣ муроҷиат кунем.

Дар ҳамин ҳол, сарҳадҳо байни давлатҳо баста боқӣ мемонанд.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус аз 20 март ҳамаи фурудгоҳҳои Тоҷикистон барои қабулу парвоз баста шуданд. Лекин баъдтар барои аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонидани тоҷикистониён хатсайрҳои чартерӣ роҳандозӣ шуданд.

Қаблан намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав аз ҳамватанон даъват кард, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусу таксӣ ва ҳар гуна мошинҳои дигар худдорӣ намоянд.

“Дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, шумо тавассути сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии сафорат Россия хабардор карда мешавед”, – гуфта мешавад дар хабар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.