“Оби Зулол” ғизои бачагона ва афшураҳо истеҳсол мекунад

Зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз  корхона иттилоъ доданд, ки "Оби Зулол" бо воридсозии хатҳои нави технологӣ тасмим дорад, ки истеҳсоли маҳсулоти ғизои бачагона ва афшураҳоро ба роҳ монанд. Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, корхона дар раванди саноатикунонии кишвар дар мамлакат аввалин шуда истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғизои кӯдаконро дар зарфҳои […]

Зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз  корхона иттилоъ доданд, ки "Оби Зулол" бо воридсозии хатҳои нави технологӣ тасмим дорад, ки истеҳсоли маҳсулоти ғизои бачагона ва афшураҳоро ба роҳ монанд.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, корхона дар раванди саноатикунонии кишвар дар мамлакат аввалин шуда истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғизои кӯдаконро дар зарфҳои “Дой-пак” ба роҳ хоҳад монд.

“Бо ин мақсад корхона аз ширкати “Navatta Group”-и Итолиё хатти технологии “GUALAPACK» -ро ба маблағи наздик 700 ҳазор евро харидорӣ намуда, айни замон насби хатти технологӣ идома дорад ва тавассути таҷҳизоти нав дар зарфҳои “Дой-пак” аз меваҳои себ, шафтолу, нок, қулфинай маҳсулот истеҳсол карда мешавад”, – омадааст дар хабари дафтари матбуот.

Тибқи нақша дар назар аст, ки барои кӯдакон, наврасони синни томактабӣ ва ҷавонон омехтаи меваҳои пухтасоидашуда ё худ смузи аз гулчини меваҳо, олу, себ, шафтолу, биҳӣ, нок ва барои гуруҳи васеи истеъмолкунандагон нок, олу, анор, олуча бо мағзи ин меваҳо истеҳсол карда шавад. Ашёи хоми асосӣ барои маҳсулоти истеҳсолшаванда хамираи меваҳои ватанӣ маҳсуб ёфта, корхона бо хоҷагиҳо барои харидории 20 ҳазор тонна мева шартнома бастааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми пурра ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, ки дар маҷмӯъ ба маблағи 2,5 миллион евро харидорӣ шудааст, имкон пайдо мешавад, ки ба маблағи 120 миллион сомонӣ маҳсулоти иловагӣ истеҳсол ва беш аз 50 ҷойи корӣ таъсис дода шавад.

Зикр мегардад, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда тибқи нақша ба бозорҳои дохилӣ бароварда шуда, ҳамзамон ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон содирот карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.