Кумаки Ҳилоли Аҳмар ба осебдидагон аз офати табиӣ дар Хуросону Ваҳдат

Оқибатҳои сели рӯзҳои 14-15 майи соли 2020 ба хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони як қатор минтақаҳои кишвар зарар расонид. Аз ин офати табиӣ асосан 338 хоҷагӣ дар ноҳияи Хуросон ва 6 хоҷагӣ дар шањри Ваҳдат осеби зиёд бардоштанд. Аз ҷумла, дар қаламрави ноҳияи Хуросон офати табиӣ ба хонаҳои истиқоматӣ зарар расонида, ба аҳолии маҳаллӣ хисороти […]

Оқибатҳои сели рӯзҳои 14-15 майи соли 2020 ба хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони як қатор минтақаҳои кишвар зарар расонид. Аз ин офати табиӣ асосан 338 хоҷагӣ дар ноҳияи Хуросон ва 6 хоҷагӣ дар шањри Ваҳдат осеби зиёд бардоштанд.

Аз ҷумла, дар қаламрави ноҳияи Хуросон офати табиӣ ба хонаҳои истиқоматӣ зарар расонида, ба аҳолии маҳаллӣ хисороти калон овард.

 Бо назардошти вазъ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ расман ба Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар муроҷиат намуд.

Дар натиҷа лоиҳаи Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF)  тасдиқ гардид ва маблағҳои ҷудогардида аз ин Бунёд ва қисман аз захираҳои дохилии ҶҲАТ барои дастрас намудани маводҳои ғайрихӯрока ба 338 оилаҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилањои осебдидаи шањри Ваҳдат, яъне дар маҷмӯъ ба 344 оила пешбинӣ гаштанд.

Ин кумак аз 344 бастаҳои маводи ғайрихӯрокворӣ, аз лиҳози  бистар, болишт, кампал, рахти хоб, бел, каланд, сатили пластикӣ, рӯйпуши пластикӣ, 344 бастаи лавозимоти ошхона, аз қабили дег, кафлез, обгардон (черпак), косаи калон, косаи хурд, қошуқ, чангак, дӯлча, ҷом ва 344 бастаи гигиенӣ – сачоқ, собун, хамираи дандоншӯӣ, чӯткаи дандоншӯӣ, хокаи ҷомашӯӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, дезинфектант, маводҳои гигиенаи шахсии занона, уребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, коғази ташноб ва ғайраҳо иборатанд.

Дар доираи кумакҳои мазкур, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кӯдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кумак расонида мешавад.

Тамоми раванди қабул, интиқол, дастрас ва тақсим намудани кӯмаки мазкур бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, мувофиқа карда шудааст.

Санаи 2 июни соли 2020, дар марҳилаи аввали тақсимоти кӯмаки мазкур ба 260 оилаҳои аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон, тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводҳои ғайрихӯрока дастрас карда шуд. Марҳилаи дуюми тақсимот фарогирии боз 78 оилаҳои ниёзманди ноҳияи мазкурро дар бар мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки дар рафти тақсимоти кӯмаки башардӯстона, раиси вилояти Хатлон, мӯҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба маҳали тақсимот ташриф оварда, бо мардуми зарардида суҳбати озод намуда, ба кормандону волонтёрони ҶҲАТ миннатдорӣ иброз намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур ба 72 оилаҳои осебдидае, ки манзилҳояшон пурра зарар дидаанд, дастрас намудани кӯмакпулии яквақтина ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки милии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) пешбинӣ карда шудааст.

Санаи 2 июни соли 2020, ҶҲАТ инчунин ба 6 оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи кӯчаи Ғалабаи маркази шаҳри Ваҳдат маводҳои ғайрихӯрока дастрас намуд, ки дар рафти тақсимоти он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон минбаъд низ кўшиш менамояд, ки фаъолияти худро пайваста ба сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон равона сохта, ҳамеша вобаста ба дастгирии табақаи ниёзмандон саҳмгузор бошад.

Бояд қайд намуд, ки Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда (Disaster Relief Emergency Fund (DREF) бунёдест, ки соли 1985 аз ҷониби ФБҶ СС ва ҲА ҷиҳати пуштибонии сареъи молӣ аз вокунишҳои изтирории Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба ҳолатҳои фавқулода ташкил шудааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз калонтарин ташкилотҳои башардӯстӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1927 ташкил ёфтааст. ҶҲАТ дар саросари кишвар фаъолияти башардӯстонаи худро тавассути 69 бахшҳои худ дар сатҳи ноҳия, шаҳр, минтақа ва вилоят бо назардошти дафтари асосии худ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии шабакаи бузурги волонтёрони худ ҷиҳати расонидани кӯмак ба ниёзмандон пеш мебарад.

Ҷамъият дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ, ҷустуҷӯи афроди бедаракшуда, аёдати пиронсолони яккаву танҳо, иттилонокии аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, росонидани ёрии аввали то духтурӣ нақши калидӣ бозида, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.