Сарвазир ба пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ дастур дод

Танҳо дар моҳи май теъдоди озмоишгоҳҳои вирусологӣ дар шаҳри Душанбе аз як ба чаҳор адад расонида шуд. Ин имкон дод, ки дар ин муддат қариб 15 600 нафар шаҳрвандон тавассути тест ташхис карда шаванд. Ин нукта    дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, […]

Танҳо дар моҳи май теъдоди озмоишгоҳҳои вирусологӣ дар шаҳри Душанбе аз як ба чаҳор адад расонида шуд. Ин имкон дод, ки дар ин муддат қариб 15 600 нафар шаҳрвандон тавассути тест ташхис карда шаванд.

Ин нукта    дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, ки таҳти раёсати сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Ситод   Қоҳир Расулзода баргузор гардид, зикр шуд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа зикр шудааст, ки  ояндаи наздик дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб  озмоишгоҳҳои вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд, ки  бо ин мақсад 10 мутахассиси вирусолог  аз курсҳои бозомӯзӣ   гузаштанд.

Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, то ҳол ба ҷуз аз риояи  қоидаҳои беҳдоштӣ гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи  самараноки  пешгирӣ кардани паҳншавиии ин вирус вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ситоди ҷумҳуриявӣ тамоми  тадбирҳои  заруриро  оид ба ҷорӣ намудани  чораҳои зиддиэпидемикӣ барои  пешгирии  пайдоиш ва паҳн нагардидани  сирояти нави  коронавирус  андешида истодааст.

Қоҳир Расулзода ба аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ-роҳбарони  вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар самти  пурзӯр намудани  чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз паҳн нагардидани  сирояти нави COVID-19 дар ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба вазъи эпидемиологӣ ва тадбирҳои  андешидашудаву банақшагирифта барои  пешгирии  интиқол ва паҳн нагардидани  сирояти нави коронавирус дар ҷумҳурӣ  гузориш дода, гуфт, ки алҳол вазъият  дар самти назорат  ва табобати бемории сироятии COVID-19 идорашаванда арзёбӣ гардида, ҳар рӯз шумораи беморони бистаришаванда кам  ва аз беморхонаҳо ҷавобшаванда меафзояд. Ин аст, ки  дар як рӯз  ба ҳисоби миёна беш аз 300-400 нафар маризон аз беморхонаҳо рухсат мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.