Буҷет соҳаи тандурустиро қариб 100 млн сомонӣ камтар маблағгузорӣ кард

Соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз буҷет 344 млн сомонӣ маблағ гирифт, ки 78,1% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин бора дар ҳисоботи Вазорати молия маълумот дода мешавад. Гуфта мешавад, мутобиқи буҷети тасдиқшуда ба ин соҳа ҷудо гардидани 440,7 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд. Аз ҷумла, маблағгузории буҷетӣ ба беморхонаҳо […]

Соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз буҷет 344 млн сомонӣ маблағ гирифт, ки 78,1% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин бора дар ҳисоботи Вазорати молия маълумот дода мешавад.

Гуфта мешавад, мутобиқи буҷети тасдиқшуда ба ин соҳа ҷудо гардидани 440,7 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд.

Аз ҷумла, маблағгузории буҷетӣ ба беморхонаҳо ба ҷойи 73,1 млн сомониии пешбинишуда дар ҳаҷми 46,6 млн сомонӣ (36,2% камтар), марказҳои саломатӣ (дармонгоҳҳо) ба ҷойи 13,5 млн. сомонии пешбинишуда драр ҳаҷми 7,1 млн сомонӣ амалӣ шудааст.

Барои ҳифзи солимии аҳолӣ (марказҳои хун, безараргардонии профилактикӣ, эмкунӣ, марказҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва ғайра) ба ҷойи 18,2 млн. сомонӣ 9,9 млн сомонӣ маблағ равона гардидааст, ки аз ҳаҷми нақшавӣ қариб 46% камтар мебошад.

Дигар фаъолият дар бахши тандурустӣ – идоракунӣ ва назорат, таҳқиқот ва ғайра ба ҷойи 28,2 млн. сомонии дар буҷет пешбинишуда 13,9 млн сомонӣ (50,7% камтар аз нақша) маблағ гирифт.

Мувофиқи Буҷети давлатӣ барои соли 2020, ки моҳи ноябри соли гузашта тасдиқ шуд, имсол ба бахши тандурустӣ ҷудо гардидани беш аз 1 млрд 841 млн сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст, ки 6,9% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетиро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон имсол ба соҳаи тандурустӣ равона кардани 11% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет, Ӯзбекистон – 11,2%, Туркманистон – 8% ва Қирғизистон – 2,7% пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.