Шаҳрвандони Тоҷикистон аз сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон ба ватан оварда шуданд

Шоми 2 июни соли ҷорӣ 237 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и байни сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. “Дар ин росто миннатдории самимӣ ба мақомоти Ӯзбекистон ҷиҳати мусоидати фаврӣ дар ташкили долони бетамоси транзитии мустақим дар қаламрави он кишвар барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шоми 2 июни соли ҷорӣ 237 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и байни сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

“Дар ин росто миннатдории самимӣ ба мақомоти Ӯзбекистон ҷиҳати мусоидати фаврӣ дар ташкили долони бетамоси транзитии мустақим дар қаламрави он кишвар барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон изҳор мегардад”, – қайд мешавад дар хабари нашршудаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамзамон ба мақомоти Қазоқистон ҷиҳати таъмини шароит барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади убури бемамониати сарҳад сипоси беандоза баён карда мешавад.

Дар бораи ба куҷо овардани шаҳрвандони мо ва айни замон дар куҷо ҳузур доштани онҳо маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти шабакаи телевизионии «Astanatv», тоҷикистониён беш аз ду моҳ дар сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон дармонда, бо сабаби карантин ба ватан омада натавонистанд.

Дар Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки “то 17 май он ҷо ҳудуди 35 шаҳрвандони мо ҳузур доштанд, ки ҳеҷ мушкилие надоштанд.

“Баъди 17 май касе овоза паҳн кардааст, ки сарҳадҳо боз шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргашта метавонанд. Пас аз ин одамон ба сарҳад омадааанд”, – қайд карда буданд дар ВКХ ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи март ВКХ Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар ҳамкорӣ бо ҷонибҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва талошҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии кишвар дар Тошканд, Нур-Султон ва Алмато барои аз тариқи долони нақлиётии автомобилӣ ба Ватан баргардонидани беш аз 1100 нафар шаҳрванди кишвар, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишварҳои ҳамсоя дармонда буданд, мусоидат сурат гирифт.

Он замон Вазорат аз шаҳрвандон дархост намуда буд, ки бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада, ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ аз шаҳрвандон даъват кард, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ (автобус, таксӣ ва ҳар гуна мошинҳои дигар) худдорӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.