Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА тағйир наёфт

Date:

Мавқеи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки рӯзи 16 июл нашр шуд, бетағйир боқӣ монд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум ҷойгир аст. Мавқеи беҳтаринро дар рейтинг миёни тимҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи 85-ум касб кардааст.

Дар рейтинги нави ФИФА дастаи Қирғизистон мақоми 96-ум ва тими Қазоқистон – зинаи 129-умро ишғол мекунанд.

Байни мунтахабҳои қораи Осиё мавқеи беҳтаринро дастаи Ҷопон ишғол кардааст, ки дар зинаи 28-уми рейтинг қарор дорад.

Сегонаи аввали рейтингро Белгия (зинаи якум), Фаронса (мақоми дуюм) ва Бразилия (зинаи сеюм) касб кардаанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...