Корти пардохт дар Тоҷикистон асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешавад

Шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар Тоҷикистон то аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ беш аз 2,6 млн нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 23% зиёдтар аст. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, айни замон ҳамагӣ зиёда аз 2,8 млн адад чунин кортҳо дар муомилот қарор доранд. Аммо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар Тоҷикистон то аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ беш аз 2,6 млн нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 23% зиёдтар аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, айни замон ҳамагӣ зиёда аз 2,8 млн адад чунин кортҳо дар муомилот қарор доранд.

Аммо аксарияти кулли дорандагони кортҳои пардохтӣ онро барои гирифтани пули нақд истифода мебаранд.

Аз ҷониби дорандагони кортҳои пардохтӣ тӯли 8 моҳ ба маблағи беш аз 13,3 млрд сомонӣ амалиёт анҷом дода шудааст: маблағи пули нақди гирифта зиёда аз 12,2 млрд сомониро ташкил дода, барои пардохти молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ҳамагӣ каме бештар аз 1 млрд сомонӣ равона гардидааст.

Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон айни замон корти пардохтии низоми миллии пардохти “Корти миллӣ”, низомҳои байнулмилалии пардохти VISA ва Mastercard, кортҳои низоми пардохти UnionPay ва “Корти миллӣ”, инчунин кортҳои дохилии бонкҳоро ба муомилот мебароранд.

Ба аввали моҳи сентябр дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ зиёда аз 1,1 ҳазор банкоматҳо ва ҳудуди 1,9 ҳазор терминалҳо амал мекарданд. Дар зарфи 1 сол теъдоди банкоматҳо қариб 47% ва шумори терминалҳои электронӣ – 10,2% зиёд шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз 2 сол пеш бо қарори худ ҳамаи муассисаҳоеро, ки хизматгузориҳои пулакӣ анҷом медиҳанд, ба таъмину насби таҷҳизот барои пардохтҳои ғайринақдӣ уҳдадор кард.

Бо ин қарор вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳое, ки хизматгузории пулакӣ анҷом медиҳанд, вазифадор шуданд, ки то 1 апрели соли 2019 дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ҳатман қабули пардохтҳоро аз аҳолӣ ба ҳамаи навъҳои хизматрасонӣ бо тартиби ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт таъмин намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.