Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Баҳрайн ва АМА дар моҳи ноябр

Date:

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рақибонашро дар бозиҳои дӯстона, ки моҳи ноябр баргузор мешаванд, муайян кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, рӯзи 7 ноябр футболбозони тоҷик бо тими Баҳрайн ва рӯзи 12 ноябр бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бозӣ мекунад. Ҳар ду бозиро шогирдони сармураббӣ Усмон Тошев дар меҳмонӣ – дар шаҳри Дубай мегузаронанд.

Гуфта мешавад, машқу тамринҳои омодагӣ ба ин бозиҳоро мунтахаби миллии кишвар охири моҳи октябр оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки бар асари пандемияи коронавирус бозиҳои чор даври охири марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли оянда гузаронида шуданд.

Дар ин марҳилаи мусобиқа соли оянда мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Ҷопон, Муғулистон ва Мянма бозӣ хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...