Боздошти назоратчии барқ: 3950 сомонӣ барои иваз кардани ҳисобкунак

Оҷонсии мубориза бо фасод иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба нозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе, ки бо гумони қаллобӣ боздошт гардид, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.   Ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, Алишер Нарзиев дар вазифаи нозири зеристгоҳи «Навбаҳор»-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар давоми солҳои 2018-2020 аз шаҳрванд Рабиева Х.Т. […]

Оҷонсии мубориза бо фасод иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба нозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе, ки бо гумони қаллобӣ боздошт гардид, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.  

Ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, Алишер Нарзиев дар вазифаи нозири зеристгоҳи «Навбаҳор»-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар давоми солҳои 2018-2020 аз шаҳрванд Рабиева Х.Т. ва писари ӯ – Рабиев Д.Н. бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ, яъне барои иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ, пардохти маблағи барқи истифодашуда ва ба расмият даровардани шарти техникӣ, дар чанд ҳолат маблағи умумии 3950 сомониро гирифта, онро тасарруф ва бо ин кирдораш ба номбурдагон зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.

Дар ин асос нисбат ба Нарзиев А.Н. бо моддаи 247 (Қаллобӣ) қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.