Президенти Қирғизистон алҳол ба истеъфо рафтанӣ нест

Сооронбой Жеенбеков, президенти Қирғизистон гуфтааст, баъди баргузории интихоботи нави порлумонӣ омода аст ба истеъфо равад. Дар ин бора сухангӯи вай рӯзи 14 октябр иттилоъ додааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, изҳороти президент баъди он садо дод, ки вай сарвазири нави Қирғизистон Содир Жапаровро ба ҳузур пазируфт. Жапаров аз Жеенбеков хостааст, ваъдаи додаашро дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сооронбой Жеенбеков, президенти Қирғизистон гуфтааст, баъди баргузории интихоботи нави порлумонӣ омода аст ба истеъфо равад. Дар ин бора сухангӯи вай рӯзи 14 октябр иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, изҳороти президент баъди он садо дод, ки вай сарвазири нави Қирғизистон Содир Жапаровро ба ҳузур пазируфт. Жапаров аз Жеенбеков хостааст, ваъдаи додаашро дар бораи истеъфо иҷро кунад, зеро кишвар вориди буҳрони сиёсие шудааст, ки дар пайи интихоботи баҳсии ибтидои моҳи октябр ба миён омад.

"Президент ба маҳзи ба эътидол омадани вазъи кишвар – баргаштан ба маҷрои қонунӣ ва ё баргузории интихоботи нави порлумонӣ – ба истеъфо хоҳад рафт", – гуфтааст Толгонай Стамалиева, сухангӯи президент.

Гуфта мешавад, тасдиқи Жапаров ба мақоми сарвазирӣ ҳалли буҳрони сиёсиро дар Қирғизистон наздик мекунад. Жапаров шаби 5 ба 6 октябр дар пайи тазоҳуроти мардумӣ аз зиндон озод шуд. Ӯро бо айби одамрабоӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда буданд.

Пас аз интихоботи парлумонии 4 октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо рӯзи 5 октябр дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Наздикиҳои шом гирдиҳамоӣ ба бархӯрди эътирозгарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт, шаби 6 октябр бошад, эътирозгарон бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки парлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.

Шаби 9 октябр Соронбой Ҷеенбеков дар як изҳорот гуфт, “ҳар вақте кишвар ба масири қонунӣ баргардад”, омодааст аз мақоми худ истеъфо диҳад. 10 октябр бархе аз вакилони Жогорку Кенеш дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ҳайати ҳукуматро бо раҳбарии Содир Жапаров тасдиқ намуданд.

Аммо як рӯз баъд, 11 октябр қисме аз дигар вакилон, фаъолони ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқшиносон изҳор доштанд, ки тасмимҳои гирифташуда қонунӣ нестанд ва зарур аст, ки ҷаласаи парлумон аз нав гузаронда шавад. Худи Содир Жапаров дар нишасти хабарие пас аз таъин шуданаш гуфт, расман ба кор шурӯъ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.