Прокуратураи генералӣ Муҳаммадиқболи Садриддинро вориди ҷустуҷӯйи расмӣ кард. Барои 430 ҳазор доллар

Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки дар Аврупо қарор дорад, вориди ҷустуҷӯйи расмӣ кардааст. Ба навиштаи Маркази матбуоти ин ниҳод, Муҳаммадиқболи Садриддин дар қаллобии 430 ҳазор доллари ИМА муттаҳам мешавад. Бино ба иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ,  ба ин ниҳод шаҳрвандоне бо номи Неъматулло Кабутов, […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки дар Аврупо қарор дорад, вориди ҷустуҷӯйи расмӣ кардааст. Ба навиштаи Маркази матбуоти ин ниҳод, Муҳаммадиқболи Садриддин дар қаллобии 430 ҳазор доллари ИМА муттаҳам мешавад.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ,  ба ин ниҳод шаҳрвандоне бо номи Неъматулло Кабутов, Сиёвуш Холов ва Носиҳиддин Қаюмов аз “кирдорҳои қаллобии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садуридинов, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, соли таваллудаш 15-уми майи соли 1978” шикоят бурдаанд.

Додситонии кулл иттилоъ медиҳад, ки “дар вақти санҷиш маълум гардидааст, ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М, Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифтааст”.

Маркази матбуоти ин ниҳод мегӯяд, ки гумонбар ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12 % фоида хоҳад дод.  Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ медиҳад.  Инчунин ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад,-мегӯяд Додситонии кулл.

Ба таъкиди ин ниҳод “ҳамин тариқ, Садуридинов М.Қ. бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст”.

«Бо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Муҳаммадиқбол Садурдинов аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбат ба номбурда парвандаи  ҷиноятӣ оғоз ва кофтукови расмӣ эълон карда шуда,  тафтишоти пешакии он идома дорад», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ин ниҳод ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар “аз рафторҳои қаллобии Садуридинов М. ҷабр ё зарар дида бошанд, метавонанд ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд”.

То кунун назари Муҳаммадиқболи Садриддин, ки муассиси пойгоҳи интернетии “Ислоҳ” дар Аврупо мебошад, дар ин қазия дастрас нест. Мақомоти Тоҷикистон ин пойгоҳи интернетиро марбут ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ медонанд ва онро дар Тоҷикистон масдуд кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.