Даргузашти генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов аз илтиҳоби шуш

Генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. “Чанде рӯз пеш ӯ дар Маркази шаҳрии клиникии №1 ба номи Карим Аҳмедов (1-ум Советский) ба гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуд, – хабар дод як манбаъ аз прокуратура. – Баъд ду рӯз бар […]

Генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

“Чанде рӯз пеш ӯ дар Маркази шаҳрии клиникии №1 ба номи Карим Аҳмедов (1-ум Советский) ба гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуд, – хабар дод як манбаъ аз прокуратура. – Баъд ду рӯз бар асари бад шудани вазъи солимиаш вафот кард”.

Қурбоналӣ Ҳасанов 30 августи соли 1952 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1978 риштаи ҳуқуқшиносиии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Солҳои зиёд дар низоми прокуратура кор карда, соли 1996 дар Прокуратураи генералӣ сардори шуъбаи ташкил ва назорати кор таъин шуд. Баъдан ба ҳайси сардори шуъбаи тафтишоти пешакии Прокуратураи генералӣ фаъолият дошт.

Соли 2005 Қурбоналӣ Ҳасанов ба нафақа баромада, то рӯзҳои охири умр дар Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон омӯзгорӣ мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.