Ду бахши сабуккунандаи оқибатҳои пандемия дар Тоҷикистон

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон ду соҳае мавҷуд аст, ки дар дурнамои миёнамуҳлат таъсири манфии COVID-19 сабуктар карда метавонанд. “Ин рушди иқтисоди бахши кишоварзӣ (ба воситаи рушди тамоми зинаи истеҳсолу фурӯш аз кишоварзӣ то саноати хӯрокворӣ) ва амалисозии тадбирҳое, ки ба таъмини дигаргунсозии рақамии иқтисод […]

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон ду соҳае мавҷуд аст, ки дар дурнамои миёнамуҳлат таъсири манфии COVID-19 сабуктар карда метавонанд.

“Ин рушди иқтисоди бахши кишоварзӣ (ба воситаи рушди тамоми зинаи истеҳсолу фурӯш аз кишоварзӣ то саноати хӯрокворӣ) ва амалисозии тадбирҳое, ки ба таъмини дигаргунсозии рақамии иқтисод равона шудаанд”, – гуфт Ян-Петер Олтерс рӯзи 14 октябр дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ.

Ба ақидаи ӯ, рушди ин соҳаҳо дар дурнамои миёнамуҳлат ба барқарорсозии босуръат, устувор ва ҳамаҷониба заминаи мустаҳқамро таъмин мекунад.

“Барои роҳандозии чунин тадбирҳо ба сифати вокуниш ба буҳрон Тоҷикистон мисли пешин бояд ба омодагӣ ва баргузории ислоҳоте, ки ба бартараф сохтани монеъаҳо дар роҳи рушди бахши хусусӣ равона шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зҳир намояд”, – иброз дошт намояндаи Бонки ҷаҳонӣ.

Номбурда таъкид дошт, ки дар ин самт ислоҳот дар соҳаи андоз муҳимтарин ва бештар имконпазиртар талош дониста мешавад.

“Агар ба ин талошҳо таҷдиду навсозӣ дар бахшҳои мушаххаси иқтисод илова шавад, пас онҳо суръати навгониҳои соҳавиро таъмин карда, ба афзоиш такон мебахшанд ва барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароит фароҳам меоранд”, – илова кардааст Ян-Петер Олтерс.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.