Дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон Тоҷикистон 4 медал касб кард

Дар мусобиқаи Қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар Сербистон доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон 4 медал –  1 нуқра ва 3 биринҷӣ касб кард. Дар ин мусобиқа мунтахабҳои ҷавонону наврасон ва миллии калонсолони мардонаву занона оид ба самбо ва самбои ҷангӣ бо ҳам рақобат карданд. Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило медали нуқра ба даст овард, ки […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаи Қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар Сербистон доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон 4 медал –  1 нуқра ва 3 биринҷӣ касб кард.

Дар ин мусобиқа мунтахабҳои ҷавонону наврасон ва миллии калонсолони мардонаву занона оид ба самбо ва самбои ҷангӣ бо ҳам рақобат карданд.

Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило медали нуқра ба даст овард, ки медали 4-умини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.

Комроншоҳи Устопириён (вазни 90 кг), Хушқадам Хусравов (62 кг) байни калонсолон ва Самеъҷон Абдушукуров (87 кг) байни ҷавонон ба дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа шарафёб гардиданд.

Қобили зикр аст, ки баргузории мусобиқаи Қаҳрамонии самбои ҷаҳон нахуст дар Туркманистон пешбинӣ гардида, лекин бар асари пандемияи коронавирус, ҳукумати ин кишвар аз баргузории он даст кашид.

Дар робита ба вазъияти душвори эпидемиологӣ ва тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, мусобиқаҳо дар толори варзишии SPENS дар шаҳри Нови-Сади Сербистон бе ҳузури тамошобинон баргузор шуданд.

Дар мусобиқаи асосии тақвими самбочиёни ҷаҳон ҳамагӣ зиёда аз 400 нафар варзишгарон аз 40 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.