Акмалиддин Каримов боз ноиби қаҳрамони самбои ҷаҳон шуд

Акмаллидин Каримов паҳлавони самбокори варзидаи тоҷик имрӯз дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Нови-Сади Сербистон мақоми дувум ва медали тиллоро ба даст овард. Акмалиддин Каримов бори чорум аст, ки дар сабқатҳои ниҳоии қаҳрамонии самбои ҷаҳон қувваозмоӣ мекард ва имсол  ҳам муваффақ ба касби медали нуқра шуд. Паҳлавони тоҷик то расидан ба марҳилаи ниҳоӣ паҳлавонони Фаронса, Узбекистон ва […]

Акмаллидин Каримов паҳлавони самбокори варзидаи тоҷик имрӯз дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Нови-Сади Сербистон мақоми дувум ва медали тиллоро ба даст овард.

Акмалиддин Каримов бори чорум аст, ки дар сабқатҳои ниҳоии қаҳрамонии самбои ҷаҳон қувваозмоӣ мекард ва имсол  ҳам муваффақ ба касби медали нуқра шуд. Паҳлавони тоҷик то расидан ба марҳилаи ниҳоӣ паҳлавонони Фаронса, Узбекистон ва Укроинро шикаст дод, аммо дар сабқати ниҳоӣ аз паҳлавони Русия шикаст хӯрд.

Ҳамчунин имрӯз, Самиъҷон Абдушукуров низ дар қаҳрамонии ҷаҳонии самбо миёни ҷавонон медали биринҷӣ ба даст овард. Дирӯз паҳлавони хушноми дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни 90 кг дар ин мусобиқа мақоми сеюмро соҳиб шуд. Ин севумин медали Комроншоҳ аз ин гуна сабқатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон буд.

Имсол ба далели ҳамагирии вируси курунои COVID-19 ҳамаи мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Нови-Сади Сербистон доир мешавад. 

Фардо дар рӯзи охирини ин сабқатҳо паҳлавони дигари тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар вазни 62 кг ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.